Главная / Гуногун / Муносибатхои ичтимоию иктисоди дар асрхои XVI – XVIII

Муносибатхои ичтимоию иктисоди дар асрхои XVI – XVIII

Феодалон – сохиби замин. Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII хукуки атоликхо ва кудрату ихтиёри ашрофи баъзе тоифахо назар ба асри XVI багоят афзуд. Умури идораи давлат комилан ба дасти онхо гузашт, мансабхои калони давлатиро ишгол намуданд. Дар нимаи аввали асри XVIII дар сарзамини Осиси Миёна, алалхусус, дар вилоятхои марказии он, таназзули амики иктисоди руй дод. Хочагии кишлок акиб рафт. Нон намерасид. Вале даромади солонаи феодал аз замин сол аз сол меафзуд.

Дар натичаи зулму истисмори берахмона ва хирочу молиётситонихои аз хад афзун дехконон чунон хам ба факири ва кашшоки афтоданд, ки хукумат дигар ба зиёд кардан ва ё чори кардани ягон андози нав чуръат накард.

10__04

Замин дар дасти феодалони калон буд. Яке аз чунин феодалони capватманд хокими Самарканд Ялангтушбий буд. У заминхои бехаду канори киштро, махсусан, дар вилояти Самарканд, ба даст даровард. Ба замин ин, У аз пардохти давлатии даромади солона озод буд.

Бузургтарин моликони замин шайхони Чуйбори буданд. Яке аз онхо Точиддин ба хар рох заминхои бе ин хам бехадду хисоби авлодии худро боз хам меафзуд. Хамзамони шайхони мазкур навиштааст, ки “Аз сархади Туркистон то марзи дурдасти Хуросон дех, кух, даште набуд, ки эшон замин надошта бошанд”.

Дарбори шайхови Чуйбори ба дарбори давлат шабохат дошт. Capвари хочагии онхо девони вакил номида мешуд. Вазир ба корхои молиявии мулки онхо машгул буд. Мансабдорони дигар – саркору дафтардор дар ихтиёри худ якчанд мунши доштанд. Дар дафтархонаи эшон доимо ба гайр аз 40 нафар мунши, 72 кас ба чамъ кардани андози замин машгул буданд. Гайр аз инхо, вазифадорон амал мекарданд. Масалан, нигохубини аспони Хоча ба ихтиёри мирохурхо буд.

Хоча Точиддини номбурда хазор тахта замини кишт, 50 чорбог дар худуди Бухоро, Балх, Самарканд, Тошканд, Андичон, Хисор ва чойхои дигар дошт. Ба гайр аз ин, У сохиби сарой, хавли, хаммом, бозорхои болопушида (тим), осиё буд.

Дар худуди Хисор хазор нафар мардикорон бо амри хочагони чуйбори кор карда, чорбог ва гулбог бино карда, заминхоро обшор гардониданд. Барои обёри кардани замини корами онхо дар водии Хисор дах хазор мардикор истифода шуд. Ба заминдорон чорво ва олоти кори тааллук доштанд. Дар заминхои заминдорон дехконони чоряккор кор мекарданд.

Дар худуди мулки Уротеппа калонтарии заминдори асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII Хоча Мусо (вафот 1731) ном феодал буд. Замини корам ва оби ин шахс, дар худуди як чанд дехахои мулки мазкур ва дар кухистони Масчох чойгир буданд. Хоча Мусо дар дарбори Бухоро обрую эътибори калонро сохиб буд. Аз ин мавкеъ истифода намуда, у дар назди хокимони Уротеппа имтиёзхои хосро доро буд. Масалан, У аз андози замин озод буд. У хатто ба корхои идоракунии мулки Уротеппа дахолат мекард.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Тичорат дар Аморати Бухоро (асри 19)

Тичорат дар шахрхо асосан дар бозорхо сурат мегирифт. Бозор масохати калонеро ишгол менамуд. Бозорхои Уротеппа …