Главная / Гуногун / Муборизаи миллию озодихоҳии халқи Корея

Муборизаи миллию озодихоҳии халқи Корея

Дар Корея ҳукмрон шудани истилогаронн Ҷопон маорифпарварони ин мамлакатро бе тафовут гузошта наметавонист. Онҳо мардумро даъват мекарданд, ки илму техника ва маорифи ғарбро эҷодкорона аз худ кунанд, аз системаи Конфуссий ва маорифи бесамари он даст кашанд. Маорифпарварони ватандӯст бо ҳамин роҳ ҳисси миллии халқи худро бедор карданӣ буданд. Созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии дар зери таъсири онҳо ташкилёфта низ дар ин кор ҳиссаи сазовор мегузоштанд.

korea

Соли 1905 дар Корея ҷамъиятҳои зиёди маорифпарварӣ пайдо мешаванд ва чопи рузномаю маҷаллаҳо оғоз мегардад. Моҳи майи соли 1905 дар Сеул ҷамъияти омӯзиши сохти конститутсионӣ, моҳи ноябри ҳамон сол Клуби Корея ва моҳи апрели соли 1906 ҷамъияти пурзӯр гардонидани Корея ташкил меёбанд. Нашрияи “Рӯзномаи Халқи Корея”, “Дӯсти Ғарбӣ” ва “Барқи шабонгоҳ” дурӯғи варақаҳои ҷопониро нотарсона фош карда, мардумро ба муборизаи зидди истилогарон даъват мекарданд.

Дар натиҷаи ҳамаи ин муборизаи миллию озодихоҳонаи халқи Корея рӯз то рӯз болотар мерафт ва дар солҳои 1905 – 1906 он ба ҷанги чирикӣ табдил ёфт. Дар марказ ва гӯшаю канорҳои мамлакат шӯришҳо ба амал меомаданд. Ҳисси ватандӯстӣ артишро низ фаро гирифта буд. Аз ҳамин сабаб соли 1907 ҳукумати Ҷопон қарор дод, ки артиши Кореяро пароканда кунад. Ин қарордод шуриши аскарони полкҳои Сеулро ба амал овард. То охири соли 1907 ҳаракати ҳарбиён қариб ҳамаи музофотҳои ҷануби мамлакатро фаро гирифт. Қисми аскарон баъди ҷангҳои шадиди зидди сипоҳиёни Ҷопон ба кӯҳҳо ақибнишинӣ карда, ба дастаҳои чирикҳо ҳамроҳ мешуданд ва алайҳи ҷопонҳо муборизаро давом медоданд.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …