Главная / Гуногун / Муборизаи кишоварзон дар Америкаи Лотинӣ

Муборизаи кишоварзон дар Америкаи Лотинӣ

Зӯроварии заминдорон, калисои католики ва ширкатҳои хориҷӣ ба он оварда расонд, ки аксарияти аҳолии деҳоти Америкаи Лотинӣ ба пеонҳо – кишоварзони камзамин, батракҳо ва мардикороне, ки як умр аз насл ба насл ба соҳибони замин тобеъ буда, дар қашшоқии мудҳиши доимӣ зиндагонӣ мекарданд, табдил меёфтанд.

Дар Боливия, Перу ва Эквадор дар охирҳои асри XIX аввали асри XX дайрҳои зиёде мавҷуд буданд, ки дар ихтиёрашон заминҳои нопайдоканор доштанд. Пеонҳо ва кишоварзоне, ки дар “заминҳои муқаддас” меҳнат мекарданд, ба ҷазоҳои ҷисмонӣ гирифтор мешуданд. Масалан, чунин одат паҳн шуда буд: агар хӯҷаин ё ки нозир пеонро занад, пас пеон бояд дар назди хӯҷаин дузону зада, барои муносибати “меҳрубонона” ташаккур изҳор кунад. Дар он ҷое, ки ғуломдорӣ боқӣ монда буд, хӯҷаин метавонист ҳатто ғуломи худро қатл кунад.

000227

Дар аксари мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ тез-тез шӯришҳои кишоварзон ба амал меомаданд. Дар солҳои 80-ум ин шӯришҳо махсусан дар Бразилия аз ҳама шадидтар буданд. Дар ин ҷо шӯришҳои кишоварзон бо шӯришҳои зангиён пайваста нерӯи бузургеро ташкил менамуданд.

Бразилия, ки дар ибтидои асри XIX аз зулми мустамликавии Португалия озод шуда буд, мисли мамлакатҳои дигари Америкаи Лотинӣ ҷумҳурӣ нею давлати мутлақ шуд. Кишоварзон ва ғуломони зангии шӯришбардошта соли 1889 буржуазияи Бразилияро маҷбур карданд, ки мутлақиятро барҳам зада, мамлакатро ҷумҳурӣ эълон кунад. Вале аз эълон карда шудани чумҳурӣ вазъи зиндагонии кишоварзон беҳтар нашуд. Бинобарин ошӯбҳои кишоварзони Бразилия идома ёфтанд.

Дар оғози асри XX шӯришҳои калони кишоварзон инчунин Аргентинаро ҳам фаро гирифтанд. Онҳо ислоҳоти замин, паст кардани ҳаҷми пардохти андоз ва иҷорапулии заминро тақозо мекарданд.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …