Главная / Гуногун / Муборизаи кишоварзон дар Америкаи Лотини

Муборизаи кишоварзон дар Америкаи Лотини

Зуроварии заминдорон, калисои католики ва ширкатхои хоричи ба он оварда расонд, ки аксарияти ахолии дехоти Америкаи Лотини ба пеонхо – кишоварзони камзамин, батракхо ва мардикороне, ки як умр аз насл ба насл ба сохибони замин тобеъ буда, дар кашшокии мудхиши доими зиндагони мекарданд, табдил меёфтанд.

Дар Боливия, Перу ва Эквадор дар охирхои асри XIX аввали асри XX дайрхои зиёде мавчуд буданд, ки дар ихтиёрашон заминхои нопайдоканор доштанд. Пеонхо ва кишоварзоне, ки дар “заминхои мукаддас” мехнат мекарданд, ба чазохои чисмони гирифтор мешуданд. Масалан, чунин одат пахн шуда буд: агар хучаин ё ки нозир пеонро занад, пас пеон бояд дар назди хучаин дузону зада, барои муносибати “мехрубонона” ташаккур изхор кунад. Дар он чое, ки гуломдори боки монда буд, хучаин метавонист хатто гуломи худро катл кунад.

000227

Дар аксари мамлакатхои Америкаи Лотини тез-тез шуришхои кишоварзон ба амал меомаданд. Дар солхои 80-ум ин шуришхо махсусан дар Бразилия аз хама шадидтар буданд. Дар ин чо шуришхои кишоварзон бо шуришхои зангиён пайваста неруи бузургеро ташкил менамуданд.

Бразилия, ки дар ибтидои асри XIX аз зулми мустамликавии Португалия озод шуда буд, мисли мамлакатхои дигари Америкаи Лотини чумхури нею давлати мутлак шуд. Кишоварзон ва гуломони зангии шуришбардошта соли 1889 буржуазияи Бразилияро мачбур карданд, ки мутлакиятро бархам зада, мамлакатро чумхури эълон кунад. Вале аз эълон карда шудани чумхури вазъи зиндагонии кишоварзон бехтар нашуд. Бинобарин ошубхои кишоварзони Бразилия идома ёфтанд.

Дар огози асри XX шуришхои калони кишоварзон инчунин Аргентинаро хам фаро гирифтанд. Онхо ислохоти замин, паст кардани хачми пардохти андоз ва ичорапулии заминро такозо мекарданд.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

urolog

Урологи бехтарин аз Хиндустон октябри 2021 ба Точикистон меояд

Дар Маркази тиббии «Шафран» муоличаи беморихои уролочи бе чарохи тарики дастгоххои эндоскопи ва лазери аз …