Главная / Маданият ва санъат / Дар Точикистон мошин истехсол хохад шуд

Дар Точикистон мошин истехсол хохад шуд

Ширкати алюминии “Талко” тасмим дорад то як мохи дигар дар Точикистон корхонаи истехсоли мошинхои боркашро рохандози кунад. Ин корхонаи муштарак якчо бо ширкати “Krantas”-и Узбекистон сохта мешавад, ки дар ин кишвар бо бандубасти мошинхои вижаи боркаш ва сохтмони машгул аст.

krantas

Мирзиёев аз “Талко” дидан мекунад

Дар чараёни сафари кории Шавкат Мирзиёев, раиси чумхури Узбекистон ба Точикистон дар мохи сентябр, ки хамзамон бо хамоиши рахбарони кишвархои узви ИДМ дар Душанбе баргузор мешавад, карор аст президенти кишвари хамсоя аз ширкати “Талко” хам дидан кунад. Игор Сатторов, сухангуи ширкати “Талко” рузи 28-уми август ба Радиои Озоди гуфт, ки сафари Мирзиёев бо хадафи ошнои аз кори корхонаи алюминий сурат мегирад.

Тибки омори расми, дар Точикистон беш аз ним миллион воситаи наклиётии сабукрав ва боркаш сабт шудааст, ки соли тавлиди бештаре аз онхо ба карни гузашта мувофик меояд.

Ба гуфтаи Игор Сатторов, корхонаи муштараки точикиву узбекии истехсоли мошинхои борбар бо ширкати “Krantas”-и Узбекистон дар худуди ширкати “Талко” бунёд мешавад. Вай афзуд, ки корхои насби тачхизоти коргох дар бинои бекормондаи “Талко” такрибан анчом ёфта, мутахассисон насби мошинхоро тамрин мекунанд.

Чаноби Сатторов микдори дакики навъи мошинхои насбмешуда дар ин корхонаро нагуфт. Вале дар сомонаи расмии ширкати “Krantas”-и Узбекистон гуфта мешавад, ки дар корхонаи истехсолии ин ширкат беш аз си навъи мошинхои боракаш ва тачхизоти дигари наклиётиву сохтмони тавлид мешаванд. Ин мошинхо маъмулан сохти ширкатхои “Isuzi”, “Man” ва “Камаз” мебошанд.

Игор Сатторов дар посух ба ин савол, ки ин корхонаи муштарак дар як сол зарфияти тавлиди чанд адад мошинхои боркашро дорад, чунин гуфт, ширкати “Талко” дар сохтори худ корхонахои истихрочи маъдан ва ангиштсангро дорад ва холо тархи сохтмони корхонаи тавлиди гилхокро руи даст мегиранд. Ва афзуд, ки мошинхои боркаш ва мошинолотхо барои бароварда сохтани ниёзи худи “Талко” зарур аст ва хамзамон бо дархости макомоти махаллии шахру навохии Точикистон, мошинхои обу партовкашон насб мекунанд.

Каблан гуфта шуда буд, ки корхонаи муштараки тавлиди мошинхои боркаш дар “Талко” бо чалби сармояи 3,5 миллион доллари амрикои бунёд мешавад. Ба гуфтаи Игор Сатторов, бо дарназардошти арзонии неруи барк ва неруи кори дар Точикистон, мошинхои тавлидшуда дар ин ширкат дар бозор ракобатпазир хоханд буд.

Коршинос: “Нарх бояд мутобики бозори Точикистон бошад”

Аммо Масъуд Собиров, иктисоддони точик дар масъалаи нархи мошинхои истехсолшаванда дар Узбекистон назари дигар дорад. У гуфт, ки мошинхои сохти Узбекистон дар худи ин кишвар гарон буда, на хар ширкат ё шахрванд тавони харидории онро дорад. Вай гуфт, ки корхонаи нави муштарак бояд дар фаъолияти худ нахуст талаботи бозори Точикистонро ба инобат бигирад.

Масъуд Собиров афзуд, ки “чунин шакли таъсиси корхонахои муштараки мошинбарориро мо дар Эрон ва Узбекистон зиёд мушохида кардем ва тавлидоти онхо маъмулан барои сокинони худи ин кишвархо дастнорас мешаванд. Точикистон бо дарназардошти наситонидани бочи гумруки бояд тавлидоти ин корхонаи муштаракро ба таври кобили мулохиза арзон кунанд. Дар акси хол воридоти мошинхои боркаш аз Чин боз хам арзонтар мешавад”.

Точикистон — кишваре кишоварз ва ру ба саноат

Бояд гуфт, ки дар як соли ахир хукумати Точикистон барои расидан ба ахдофи барномаи табдили шакли кишоварзии иктисод ба кишвари саноативу кишоварзи икдомхоеро руи даст гирифтааст. Аз чумла, дар нимсолаи аввали соли чори корхонаи тавлиди тракторхо дар шахри Хисор ва корхонаи тавлиди автобусхо дар шахри Душанбе фаъол карда шуданд, ки аз чумла, бо Беларус хамкори мекунад.

Сохибназарон мегуянд, ки бо назардошти суръат ва хам тавсеаи хамкорихои иктисодиву саноатии Точикистону Узбекистон, фикри дар хоки Точикистон ба рох мондани корхонаи тавлиди мошинхои сабукрав низ аз як орзуву хаёл ба вокеият табдил ёбад.

Тибки омори расми, дар Точикистон беш аз ним миллион воситаи наклиётии сабукрав ва боркаш сабт шудааст, ки соли тавлиди бештаре аз онхо ба карни гузашта мувофик меояд. Мошинхое, ки ба Точикистон ворид мешаванд, голибан дасти ду буда, аз Аврупо ва Чин вориди ин кишвар мешаванд.

Дурнамои бунёди корхонаи истехсоли мошинхои боркашу сохтмони дар холест, ки макомоти точик ба шуруи кори корхонаи нави истехсоли автобусхо хам омода мешаванд. Бар асоси як карори хукумати Точикистон, то як соли дигар ширкати”AvestoGRUPP” ва шарикони туркиаш корхонаи тавлиди автобусхоро рохандози мекунад, ки соле хадди аккал 200 адад автобуси мусофирбарро истехсол мекунад.

Инчунин ин корхона истехсоли мошинхои боркаши иктидораш аз 3 то 8 тонна ва хамчунин микроавтобусхо пешбини мекунад, ки бо тамгаи “Мерседес” ба бозор арза мешаванд. Дар Точикистон корхои банбубасти кисмхои ин мошинхо ба рох монда мешавад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …