МОР

morМОР (Serpentes ё Ophidia), як ҷинси хазандаҳо. Танаш дароз, бепой. Пӯсташ бо пулакчаҳои шахшӯли хушк ё сипар пӯшидааст (онро ҳар сари чанд вақт мепартояд). Забони дарозу борикаш (баъзан нодуруст неши мор меноманд) ранги сиёҳ ва нӯги душоха дошта, узви ломиса аст. М., одатан, байни алафзор, буттаҳо, болои дарахтон, тарқишу кафидаҳои замин, зери сангҳо ва ғ. маскан мегирад. Аксар М.-ҳо ба боғот ва манзилгоҳи одамон хазида медароянд. Ҳамаи М.-ҳо дар об хуб шино мекунанд; баъзеашон (М.-ҳои баҳрӣ) сирф обианд.
Тамоми М.-ҳо ба даррандаҳо мансубанд, зеро ғизои онҳо ҳайвоноти зинда аст. М.-ҳои хурд кирм, нармбаданҳо, ҳашароти гуногун, М.-ҳои калон бошанд, ҳайвоноти мӯҳрадор (моҳиҳо, обхокиҳо, ширхорҳои хурд ва ғ.)-ро мехӯранд. Тӯъмаи худро М. бо роҳҳои гуногун – куштан, заҳр задан (М.-и заҳрдор), печондан, буғӣ кардан ё бо зарбаи сар (М.-и калони безаҳр) ба даст меорад. М.-и заҳрдор дар қисми пеши коми боло ду дандони заҳр дорад; ин дандонҳо нисбатан калонтар ва каме каҷанд (баъди газидан аз сӯрохии онҳо заҳр мерезад). Зери сӯрохи дандонҳо ғадуди заҳрроҳа боз мешавад. Дар ҳолати ором дандонҳои заҳр ба зери ком қат мешаванд, вақти газидан пеш баромада, ба танаи тӯъма сахт мехаланд. Дар ҷои моргазида ду нуқтаи хурди сурх (паи захми дандонҳои заҳр) боқӣ мемонад.
М.-и заҳрдор ва безаҳр бо ягон нишонаи зоҳирии равшан (дар андоза, ранг, одат) аз ҳам фарқ намекунад. Ягона тафовути М.-ҳои заҳрдор дандонҳои ҷоғи болоии онҳост. Азбаски дар шароити зарурӣ барои аниқ кардани дандонҳои заҳрдори онҳо имкон пайдо намешавад, чунин маслиҳат додан мумкин: дар сурати бо М. рӯбарӯ омадан, ба вай кордор нашуда, имкон додан лозим, то оромона хазида равад. Аз М. тарсидан даркор нест, зеро худи он ҳам аз одам метарсад ва фақат бо мақсади ҳимоя ба ҳамла мегузарад. Одамоне, ки дар маҳалҳои мордор истиқомат мекунанд, хуб мешуд одатҳои ба М.-ҳо хосро омӯзанд ва донанд, ки онҳо заҳрдоранд ё не.
Мафҳуми «морҳои заҳрдор» шартист ва он фақат ба одам дахл дорад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда гӯё ихроҷи ғадудҳои оби даҳони ҳамаи М.-ҳо заҳрноканд, вале барои одам танҳо газидани навъҳои муайяни М. хавфнок мебошад. Ғайр аз ин, на ҳамаи М.-ҳои заҳрдор бинобар сабаби қариб дар ҳалқ воқеъ будани дандонҳои заҳрӣ одамро газида метавонанд.
Ба инсон М.-ҳои безаҳре, ки дар ақиби даҳонашон дандонҳои калон доранд, хатарноканд. Бо ин гуна дандон М.-ҳо ба кас захми ҷиддӣ расонда метавонанд. Қариб 2500 намуди М. маълум аст, ки аз онҳо беш аз 220 намуд заҳр доранд. Дар Тоҷикистон 16 намуди М. дучор меояд (кӯрмор, мори печон, мори обӣ, мори чинор, тирмор, шибо, кубро, гурза, мори афъӣ, сагмор; 5 намуди охир заҳрнок аст). Аз оилаи морҳои шибо (гадюка) 6 намудашон бештар маълум ва паҳн гаштаанд: шибо, шибои даштӣ, шибои кавказӣ, шибои фӯкдор, шибои Осиёи Хурд, гурза. Дар биёбону нимбиёбонҳои Осиёи Марказӣ боз як ҷинси М.-и шибо – мори афъии регзор вомехӯрад. Ба М.-и шибо оилаи ҷарангморҳо низ қаробат доранд.
Дар ҷан. Осиёи Марказӣ М.-и заҳраш хеле пуртаъсир – кубро дучор меояд. Бар хилофи М.-и ҳамҷинсаш, яъне мори айнакдор, ки дар ҷангалзори Ҳиндустон, Бирма, Хитои Ҷанубӣ ва кишварҳои дигар ҳаст, кубро дар пушти сар акси айнакро надорад.
Заҳри аксари М.-ҳо ниҳоят пуртаъсиранд. Тақр. 1 г заҳри ҷарангмор (хушкаш) 25 сар барзагов, 24 сар саг, 60 сар асп, 600 сар харгӯш, 300 ҳаз. кабӯтарро мекушад.
Ба М.-ҳои безаҳр, ки дар ҳудуди Кавказ ва Осиёи Марказӣ маскунанд, оилаи ужҳо (мас., М.-и обӣ, кӯрмор, мори чипор, ҳамчунин гурбамор, тирмор) мансубанд. Дар Кавказу Осиёи Марказӣ М.-ҳои печон низ мавҷуданд. Бар хилофи наздикони азимҷуссаи худ, ки дар мавзеъҳои тропикии Осиё, Африқо ва Америка зиндагӣ мекунанду дарозиашон аз 10 м бештар аст (анакондаҳо, питонҳо ва ғ.), дарозии М.-ҳои печони мо аз 1 м зиёд нест.
Газидани мор. М., одатан, дар мавриди нороҳат шудан (ба вай расидан ё зер кардан) ба одамон ҳамла мекунад. Дар дақиқаҳои аввали газидани мори шибо дард ва сӯзиш ҳис намешавад, атрофи ҷои моргазида сурх мегардад, хуншорӣ афзуда, варам ба зудӣ густариш меёбад. Ба кадом андоза вазнин шудани оқибати он ба ҷои моргазида (сар ва тан нисбат ба пой хавфноктар), синну сол ва аҳволи саломатии шахс вобаста аст. Кӯдакон, хусусан то синни 3-сола, нисбати калонсолон захми морро вазнинтар мегузаронанд.
Заҳри кубро, мори баҳрӣ, баъзе навъҳои ҷарангмори тропикӣ системаи асабро заҳролуд карда, мушакҳоро заиф месозад, сарчархӣ, гунгӣ, дарди тоқатфарсои дасту пойҳо, қай ва таби баланд (то 38 – 39°С) ба амал меорад. Марг дар натиҷаи фалаҷи узвҳои нафаскашӣ фаро расиданаш мумкин аст.
Кумаки нахустин. Кӯмаки нахустинро фавран аз макидани ҷароҳат шурӯъ намуда, обияти макидаро зуд-зуд туф кардан лозим аст. Макидан бояд 15 – 20 дақ. идома ёбад. Сипас, ба рӯи захм йод, спирт, зелёнка мемоланд. Баъд даст ё пои моргазидаро беҳаракат нигоҳ дошта, барои шахси осебдида шароити ором муҳайё мекунанд. Ҳар чи зудтар ӯро ба муассисаи табобатӣ бурда расондан лозим. Чок кардани пӯсти моргазида, ба захми ӯ гузоштани тофтабанд қатъиян манъ аст. Нӯшондани спирт, арақ, бо перманганати калий ё диг. доруҳо табобат кардани захм, сӯзондани он тавсия дода намешавад. Ҳамаи ин усулҳо нафақат таъсири заҳрро суст намекунанд, балки аз истифодаи онҳо дард шиддат ёфта, боиси пайдоиши оризаҳои ногувор мегардад.
Барои худро аз газидани М. пешгирӣ кардан, пойафзори соқдор (мӯзаҳои чармӣ ё резинӣ), сарулибоси ғафс пӯшида, бошишгоҳу ҷои хобро дар сафар хуб аз назар гузарондан лозим. Чунон ки қайд кардем, қариб ҳамаи М.-ҳо фақат барои ҳифзи худ ҳуҷум мекунанд. Одатан, М. шахсеро мегазад (аксар кӯдакон ё наврасонро), ки барои доштан ё куштани он кӯшидааст.
Байни мардум анъанае ҷорист, ки М.-и дучор омадаро бояд кушт. Аммо фоидаи М. аз зарараш хеле зиёд аст. Бисёрии М.-ҳо хояндаҳо, ҳашароти зарарровар, нармбаданиҳоро нобуд мекунанд. Заҳри М. дар соҳаи тиб фаровон истифода мешавад. Аз он доруҳои гуногун тайёр карда барои табобати тарбод, невралгия, илтиҳоби мушак (миозит) ва ғ. кор мефармоянд. Ба сабаби бераҳмона нобуд кардани М.-ҳо ва зуд аз байн рафтани онҳо дар баъзе мамлакатҳо шикори М.-ҳое, ки заҳрашон дар тиб ба кор меравад, манъ гардидааст. М.-ро дар парваришхонаҳо (морхонаҳо) низ нигоҳубин мекунанд. Дар он ҷо М.-ҳоро таҳти назорат қарор дода, тарзи ҳаёти онҳоро меомӯзанд, заҳрашонро мегиранд.
А. Саидов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …