Главная / Илм / МОНОНУКЛЕОЗИ СИРОЯТӣ

МОНОНУКЛЕОЗИ СИРОЯТӣ

mononukleozМОНОНУКЛЕОЗИ СИРОЯТӣ (Mononycleosis infectiosa), бемории Филатов, лимфобластози некфарҷом, касалии шадиди сироятиест, ки ба он ангина, заҳролудии умумӣ, таби баланд, калон шудани уқдаҳои лимфавӣ, тағйири хун хос аст. Ангезандаи он вируси эпстайн – Барр мебошад. М. с.-ро чун бемории сироятии мустақил с. 1885 Н. Ф. Филатов тавсиф кардааст («илтиҳоби худзоди уқдаҳои лимфа»). Манбаи сироят аз вируси М. с. одами бемор мебошад. Ангезандаи маризӣ ба тавассути зарраҳои оби даҳон интиқол меёбад. Ба сироят ёфтан анбӯҳи одамон, истифодаи зарф, ҷогаҳ ва сачоқи умумӣ мусоидат мекунанд. Дар бораи такроран бемор шудани шахс маълумот чандон зиёд нест. Ба М. с. бештар кӯдакон ва ҷавонон гирифтор мешаванд. Инчунин дар оилаҳо ва коллективҳои кӯдакону наврасон авҷгирии эпидемии он ҷой дорад. Беморӣ бештар тирамоҳу зимистон хуруҷ меёбад. Ҳангоми назлаи ҳалқу бинӣ ва роҳҳои болои нафас ҳассосияти организм ба М. с. меафзояд.
Давраи ниҳонии беморӣ аз 4 то 28 шаборӯз (аксар 7 – 10 шаборӯз) аст. Аломатҳои беморӣ: беҳолӣ, дарди сар, баланд гаштани таб, калон шудани уқдаҳои лимфавӣ, вақти фурӯ бурдани обу ғизо дард кардани гулӯ. Баъзан бемор табу тасф накарданаш ҳам мумкин аст. М. с. имкон дорад, ки оризаҳои ногувор низ дошта бошад: стоматит, отит, пневмония, сарсоми зардобӣ, эндокардит, зардпарвин (ҳангоми осеби ҷигар).
М. с.-ро дар асоси маълумоти тадқиқи хун, натиҷаи мусбати вокуниши серологӣ ва аломатҳои хоси беморӣ ташхис мекунанд.
М. с.-ро духтур табобат мекунад. Агар беморӣ сабук бошад, маризро метавон дар хона табобат кард. Беморони вазнинро ба беморхона мехобонанд. Одатан, фарҷоми беморӣ хуб аст. Баҳри пешгирии М. с. саривақт ошкор ва ҷудо нигоҳ доштани беморон аҳамияти калон дорад.

Б. Шамсиддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …