Главная / Биология / Моҳипарварӣ дар Тоҷикистон: нарх, намуд ва муаммо!

Моҳипарварӣ дар Тоҷикистон: нарх, намуд ва муаммо!

Агар дар ҷумҳурии мо ба соҳаи моҳипарварӣ диққату эътибори ҷиддӣ дода шавад, солона то 5 ҳазор тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол кардан мумкин аст. Ин нишондод барои таъмини амнияти озуқавории мо хеле ҳам мусоидат менамояд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ парвариши моҳӣ дар сад муассисаҳои комплекси аграсаноатӣ ба роҳ монда шуда, танҳо дар 70 хоҷагиҳое, ки дорои ҳавз, кӯл, дарё ва обанбор мебошанд, истеҳсоли он ба чашм мерасад. Аммо истеҳсоли моҳӣ ва маҳсулоти он мутобиқи нақшаю дурнамо ба роҳ монда нашуда, дар мавриди истеҳсоли саноатии он хотирҷамъӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар замони Шӯравӣ бо назардошти захираҳои обӣ-биологии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳ аз солҳои ҳафтодуми қарни гузашта бештар гардид. Минтақаҳое, ки чунин захираҳоро доштанд, соҳиби хоҷагиҳои моҳипарварӣ гашта, таи ду даҳсола ин соҳа хеле рушд ҳам намуд. Танҳо дар соли 1991 сайди моҳӣ дар Тоҷикистон 3945 тоннаро ташкил дод, маҳсулоти моҳипарварӣ чун ғизо ба 4261 тонна расонда шуд. Албатта, бо оғози бесомониҳо дар ҷумҳурӣ аксари хоҷагиҳои давлатии моҳипарварӣ аз байн рафтанд ва ин соҳа қариб буд, ки аз байн равад. Вале захираҳои обӣ-биологии мо боқӣ монд, мардум бо усули бобогӣ аз кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо моҳӣ сайд карда, онро ба бозор арза медоштанд ва тӯли ин солҳо бозори истеъмолии мо аз ин маҳсулоти пурқимату пурнафъ холӣ набуд.

riba-mohi-tajik

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳёи ин соҳаи хеле пураҳмият тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намуда, ба рушди бемайлони моҳипарварӣ қарорҳои соҳавӣ қабул гардиданд. Натиҷаи чунин тадбирҳо буд, ки танҳо соли 2005 истеҳсоли моҳӣ ба 172 ва 179 тонна расонда шуд, аммо дар муқоиса бо натиҷаи истеҳсолии понздаҳ соли пешин ин нишондод 24 маротиба камтар буд. Натиҷаҳои истеҳсолии солҳои охир ҳам қобили аҳсан набуда, ин соҳаи муҳим ва, бемуболиға, афзалиятнок ба камбудиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст ва ҳалли он барои таҳким бахшидани амнияти озуқаворӣ бояд ногузир бошад.

Месазад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як барномаи дарозмуҳлати рушди соҳаи моҳипарварӣ бо дарназардошти захираҳои обӣ-биологӣ таҳия гардад ва он тамоми самтҳои ин соҳаро, ба хусус ҳифзи генетикӣ, навъҳои моҳӣ, афзоиш ва маҳсулнокии он, беҳдошти ҳолати кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳоро фаро гирад. Баъзе ба ин назаранд, ки аз ин барнома дида қабули қонуни соҳавӣ заруртар аст. Қабули қонун ҳам бисёр хараҷу мараҷҳоро дар ин соҳа ҷилавгирӣ мекунад, вале барнома дар асоси принсипҳои илмӣ бояд таҳия шавад, то дар амалишавии нишондодҳои он олимону мутахассисон иштироки фаъол дошта бошанд. Агар чунин муносибат ба вуқуъ пайвандад, он гоҳ барои татбиқи сиёсати ягонаи иқтисодии давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ замина муҳаё шуда ва он ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.

ВИДЕО

Чунин муносибату мавқеъгирӣ дар шароити имрӯза барои самаранок истифода гардидани захираҳои обӣ рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла гидроэнергетика ва кишоварзӣ ҳам мусоидат хоҳад намуд. Бо ба танзим овардани истифодаи об, албатта, кӯлҳо, обанборҳои иловагӣ, ҳавзҳо пайдо шуда, имконияти бештари моҳипарварӣ муҳайё мегардад. Бо ин, мардум бештар бо гӯшти моҳӣ таъмин гашта, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо мегардад.

Дар шароити кунунӣ комплекси саноати моҳипарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон он қадар рушди устувор касб накарда, он ба кишварҳое, ки мисли мо захоири бои обӣ –биологӣ доранд, муқоисанашаванда аст. Вале мо имкони масалан бо Ҷопон, Корея, Эрон, Туркия ва якчанд кишвари аврупоӣ баробар шуданро дорем. Ин дурнамо амалишаванда ҳам ҳаст ва соҳаи моҳипарварӣ, чуноне ки дар боло ишора рафт, бояд ба соҳаи афзалиятноки кишвари мо табдил ёбад. Дар ин росто, баъзе иқтисоддонҳо ва мутахассисони соҳа ба ин назаранд, ки барои эҳёи муҷаддади ин соҳа, яъне хоҷагиҳои моҳипарварии собиқ маблағгузории давлатӣ зарур мебошад.

Албатта, ин дуруст аст, вале ҳадафи мо сари масъалаи самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ-биологии мамлакат аст. Дар ҷумҳурӣ заминаи рушди ин соҳа вуҷуд дорад, хоҷагиҳои алоҳидаи давлатӣ ва фермерӣ фаъоланд ва бозори истеъмоли моро то қадре бо гӯшти моҳӣ таъмин менамоянд, аммо арзиши аслии он хеле қимат ва тамоми қишрҳои ҷомеа имкони харидорӣ ва истеъмолии онро ҳанӯз надоранд.

Аз рӯи маълумотҳое, ки мо дар дар даст дорем, ҳоло дар ҷумҳурӣ 12 зоти моҳӣ парвариш меёбад, вале зотҳои моҳиҳои дарёҳою кӯлҳои табиӣ пурра омӯхта нашуданд. Тадбирҳои мушаххас бобати пешгирии касалиҳои сироятие, ки дар дарёҳою обанборҳо паҳн гашта ва он боиси талафоти моҳӣ ва тухми он шудааст, бояд роҳандозӣ шавад. Дар бозори мо асосан чор зоти моҳӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Сайди моҳӣ дар ҷумҳурӣ вобаста ба инкишофи биологии он ба эътибор гирифта намешавад. Қочоқи моҳӣ аз обанборҳои бузурги мо ҳанӯз идома дошта, пеши роҳи он пурра гирифта нашудааст. Рушди табиии моҳипарварӣ дар обанборҳо диққату эътибори ҷиддиро тақозо мекунад.

Ба мушоҳида мерасад, ки обанборҳои мо дар мавзеҳои обпартоӣ тӯрҳои муҳофизатӣ надоранд, ҳангоми ба дарёҳо сар додани об миллионҳо моҳичаҳо аз обанборҳои шароиташон муътадил ба водиҳо сарозер шуда, аз инкишоф монда ва ё 80-90 дарсади онҳо талаф меёбанд. Зағорамоҳӣ дар обанборҳою кӯлҳои мо бештар ба чашм мерасад, чуноне мутахассисон мегӯянд, ин моҳии пурнасл соле 10 ҳазор тухм мегузорад, вале бо ин сабабҳо 3-4 ҳазор тухми он боқӣ мемонаду халос. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки дар болоби обанбори Баҳри Тоҷик, ба тағйири вазъи гидрогеологӣ ҳамасола тухми моҳиҳои лаққамоҳӣ (сом) ва симмоҳӣ (леш) зери лойқа монда, инкишофи табиии ин ду навъи моҳӣ нигаронкунанда аст.

Ба маврид аст хотирнишон сохт, ки алъон миёни моҳипарварони хоҷагиҳои алоҳида дар мавриди парвариши саноатии моҳӣ ва ба бозор баровардани моҳӣ рақобат дида мешавад. Дар аксар маврид дар парвариши саноатии моҳӣ ва ба бозор баровардани моҳӣ рақобат дида мешавад. Дар аксар маврид барои пӯшонидани хароҷотҳо инкишофи биологии моҳиҳо ба эътибор гирифта намешавад. Моҳиҳои ҳанӯз вазнногирифтаро шикор карда, ба бозор пешкаш мекунанд, аз ин нигоҳ 50 дарсади хоҷагиҳои моҳипарвар нишондодҳои пасти истеҳсолӣ доранд.

Ба мушоҳида мерасад, ки ҳатто дар хоҷагиҳои пешқадами моҳипарварӣ аз ҳар гектар ҳавзҳо 15-20 сентнерӣ моҳӣ истеҳсол мекунанд, яъне онҳо технологияи анъанавии парвариши моҳипарвариро аз даст дода, бештар аз усулҳои бобогии моҳипарварӣ кор мегиранд, ки он дар шароити технологияи рушдкунанда ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Бо мавҷудияти имконоти захираҳои обӣ ва шароити мусоиди биологӣ моҳипарварони мо имкон доранд, зотҳои хеле сергӯшти моҳиро ба парвариш гиранд. Ҳоло дар ҷаҳон беш аз панҷоҳ зоти моҳӣ маълум аст.

Дар ҷумҳурии мо гулмоҳӣ хеле машҳур буда, гӯшти он хеле лазиз мебошад. Парвариши онро ҳатто дар кӯлҳои сунъӣ ба роҳ мондан мумкин, гулмоҳӣ камхӯр буда, бештар гиёҳҳои гуногунро истеъмол мекунад. Андешидану ба роҳ мондани парвариши илмии бисёр зотҳои моҳиҳо, аз қабили амури сиёҳ, буффалои амрикоӣ, сӯфимоҳӣ, карпи чармӣ, моҳии сафеди чашмсурх, гурбамоҳӣ дар шароити обу иқлими ҷумҳурии мо хеле мусоид ва аз нигоҳи иқтисодӣ хеле фоидаовар мебошанд.

Ҷумҳурии мо бо шароити мусоиди иқлимӣ ва захираҳои фаровони обие, ки дар ихтиёр дорад, метавонад дар оянда ба яке аз кишварҳои содиркунандаи гӯшти моҳӣ ва маҳсулоти моҳӣ табдил ёбад. Маҳсулоте, ки аз моҳӣ истеҳсол мешавад, дар тавлидоти аксар маҳсулотҳои саноатии дигар истифода мегардад. Паррандапарварӣ бе орди моҳӣ ва равғани он рушди устувор надорад. Маҳсулоти моҳӣ дар тиб истифодаи фаровон дорад. Гӯшти он аз нигоҳи сифат аз гӯшти гов боло меистад. Маҳсулоти моҳӣ дар маҷмуъ ба саломатии одам фоидабахш буда, дар организм нақши таҷзиякунандагиро мебозад. Одамоне, ки доимо маҳсулоти моҳигӣ истеъмол менамоянд, нури чашмро аз даст надода, доимо саломатанд.

Шароит ва замон тақозо менамояд, ки мо бояд ин соҳаи аз нигоҳи иқтисодӣ фоидаоварро боз ҳам рушд диҳем. Ҳанӯз ҳам мутахассисон ба ин назаранд, ки барои ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии моҳӣ заминаи хӯрокӣ нокифоя аст ва моҳипарварон якчанд намуди ғизоҳои зарурии ин соҳаро бо нархҳои баланд аз хориҷ ворид менамоянд. Хӯроки асосии моҳӣ дар ҳавзҳо асосан сабӯс аст, агар дар ҷумҳурӣ заминҳои корам самаранок истифода бурда шаванд, соле барои рушди моҳипарварӣ сад-дусад ҳазор тонна ғалла басанда мебошад.

Таҷрибаи аксар хоҷагиҳои моҳипарварии собиқ, ки хешро бо ғалла ва дигар маҳсулотҳои зарурӣ таъмин менамунад, фаромӯш нашудааст. Инҷо фақат ҳавасмандӣ ва дастгирии моҳипарварон метавонад ба пешрафти соҳа мусоидат намояд. Набояд фаромӯш сохт, ки дар ҷумҳурӣ паҳнои обӣ аз як дарсад бештар буда, дар аксар обҳои равон моҳӣ ва ғизоҳои барои он зарурӣ хеле каманд. Яъне имконоти бо роҳи табиӣ афзоиш додани ин соҳа хеле маҳдуд мебошад ва моҳипарварони мо таҷрибаи бо роҳи сунъӣ зинда гардонидани тухми моҳиро доранд. Дар обҳои на он қадар сарди мо то бист зоти моҳиҳоро парвариш кардан мумкин аст.

Бунёди корхонаҳои хурд-хурди истеҳсоли консерваи моҳӣ ва дигар маҳсулотҳои моҳигӣ бояд як бахши барномаи рушди ин соҳа бошад. Моҳиҳое, ки дар обанборҳо парвариш меёбанд ва аз нигоҳи экологӣ бартарият доранд, ба консервакунонӣ хеле ҳам мувофиқ ва дар бозори ҷаҳонӣ ниёз ба онҳо бештар аст. Таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли орд ва равғани моҳӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин ду намуди маҳсулот дар ҷаҳон аз гӯшти моҳӣ дида қиматтар аст. Дурнамои соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ умедбахш буда, он рӯз дур нест, ки сокинони мамлакат бо гӯшти моҳӣ ва маҳсулоти худии он таъмин мегарданд.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

khromosoma

НАЗАРИЯИ ИРСИЯТИ ХРОМОСОМӢ

МЕРОСГУЗОРИИ ҲАМПАЙВАСТАГИИ ГЕНҲО:  Мендел дар таҷриба меросгузории танҳо ҳафт ҷуфт аломати нахўдро дида баромад. Баъдан бисёр …