Главная / Илм / МОХи

МОХи

mohiМОХи, як гурухи хайвоноти мухрадори оби. Харор. бадани М. доими набуда, тагйир ёфта меистад. Дар олам такр. 25 хаз. намуди М.-хо мавчуданд. Дар оби бахру укёнусхо 20 хаз. намуди М. сукунат дорад. Дар обанбору дарёхои Точикистон 49 намуди М. зиндаги мекунад. М. барои одам гизои пурбахост. Бо таъму таркиби химияви аз гушт мондани надорад, бо хушхазми бошад, аз он афзалтар аст. Кисми хурданбоби М. ба хисоби миёна аз 15 – 22% сафеда, 0,2 –30,8% равган ва андаке ангиштоб иборат аст. Сафедаи М. хушсифат буда, аминокислотахои ба одам зарур дорад. Равгани М. зуд об шуда, нагз хазм мегардад. Дар таркиби М.-хои гуногун микдори равган як хел нест. Ба чинси М.-хои беравган (то 2% равган) – равганмохи, симмохи, суфмохи, хормохи, шуртан дохил мешаванд. М.-хои камравган (2 – 5%) инхоанд: шурмохи, загорамохи, гулмохи, вобла, чумчумамохи, жерех, карас, кефал, озодмохи, лаккамохи. Ба чинси М.-хои равгани (5 – 20% равган) тосмохихо, сигмохи, кета, горбуша, чавича, омул, рибес, скумбрия, ставрида мансубанд. М.-хои серравган (бештар аз 20%) аз озодмохи, сафедмохи, минога, мормохи, шурмохи, шиммохи иборатанд. Равгани М. сервитамин (алалхусус витаминхои А ва D) аст. Махсулоти М. манбаи зарури намаки фосфор, калсий, магний, натрий, калий, йод, манган, рух мебошад.
М. махсулоти зудвайрон аст ва онро муддати зиёд набояд нигох доштан. М.-и хушсифат бояд пусти тозаи луобаш соф дошта, пулакчахояш зич чиспида бошанд; ранги галсамааш сурхи баланд, чашмонаш барчаста ва соф, бофтахои мушакхояш зич буда, аз устухон базур чудо шавад
Барои гуногунии таъм ва дароз кардани мухлати нигахдори тарзхои зерини тахвили М.-ро истифода мебаранд: дар намак хобондан, хушк кардан, дуд дода пухтан, дар сирко хобондан. Хангоми дар намак хобондан М. як микдор сафеда, моддахои минерали ва витаминхои таркиби худро гум мекунад. М.-хои дар намаку сирко хобонда ва дуддодаро дар мавриди баъзе касалихо истеъмол кардан манъ аст.
Хангоми истеъмоли М.-и хоми яхбаста, М.-и ба кадри кофи намак нахурда (камнамаки дар хона тайёршуда) ва андак дудхурда ба беморихои гелминти (дифиллобатриоз, описторхоз) гирифтор шудан мумкин аст. Истеъмоли М.-и гарм дуддодаи бадсифат бемории ботулизмро ба миён меорад.
М.-и тозаро дар яхдон 2 шаборуз нигох доштан мумкин аст. Мухлати нигахдории М.-и яхин дар яхдон 2 ва дар сарддони он то 15 шаборуз мебошад (аммо дар шароити муътадил аз 1 шаборуз набояд зиёд бошад). М.-ии гарм дуддодаро дар яхдон 3 шаборуз нигох доштан мумкин аст, вале дар рузхои гарм онро зудтар истеъмол бояд кард. М.-и вайрон аломатхои зерин дорад: луоби пуст ва чашмон тира аст, шикам варам карда аз сурохии галсама буи турши ва зах меояд.
Ба акидаи табибони мардуми дар оташ кабобкардаи М. бехтар аз он аст, ки дар равган бирён карда бошанд; он ба бадан об медавонад, фарбех мекунад, мани, шир ва чарбии гурдаро зиёд менамояд, захми шуш, сил ва бемории логаркунандаро даво мешавад, сурфаи хушкро шифо мебахшад. Агар М.-ро бо оби ангургура ва татум кабоб карда бихуранд, исхоли сафрови ва хуниро манъ менамояд. Мохишурборо биёшоманд барои захр даво мебошад. Баъд аз истеъмоли М. ошомидани оби хунук багоят зарарнок аст. Агар М.-ро бо шир ё тухми мург бихуранд зиён меорад. Истеъмоли М.-и намакин балгамро меканад, ба таом иштихо пайдо мекунад. М.-и намаксудаи хушк бадтарин кисми мохиён ва гаронхазм аст. Агар онро бардавом бихуранд, ба иллати шабкури мубтало мегардонад. Тухми М.-ро бихуранд, барои кави гардондани бох пуртаъсир аст, мани пайдо мекунад, олати мардиро ба харакат меоварад, барои сурфа ва исхол, ки аз гарми бошанд, даво мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …