Мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист
18.04.2018
120 Показы
Моддаи 96-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист

- Мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 125, 147, 177, 190, 191, 197, 203, 204, 206, 209, 215-228, 231-244, 250, 266 ва 269 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1419)
- Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист роҳбарони сохторҳои мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо ҳуқуқ доранд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-18
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …