Моддаи 92-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳуқуқҳои афзалиятноки ташкилотҳои хоҷагии шикор оид ба истифодаи об
Дар дарёҳо, кӯлу дигар объектҳое, ки маҳалҳои зисти паррандаҳои ёбоии дар об шинокунанда ва ҳайвоноти қиматноки мӯинадор мебошанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об метавонанд ба ташкилотҳои хоҷагии шикор бо дарназардошти талаботи истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи об ҳуқуқҳои афзалиятнок фароҳам оранд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)