Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ

Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ

Моддаи 91-и Кодекси оила.  Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз  бекор кардани ақди никоҳ 

  1. Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд алимент талаб кунанд:

– зани собиқ дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;

– зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолаги расидан ва фарзанди умумии   маъюби  модарзоди гурӯҳи  якумро нигоҳубин мекунад;

– зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани ақди никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани ақди никоҳ аз даст додааст;

– зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки на дертар аз панҷ соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати  панҷ сол дар ақди никоҳ буда бошанд.

  1. Андозаи алимент ва тартиби ба ҳамсари собиқ пардохтани онро пас аз лахзаи бекор кардани ақди никоҳ тибқи созишномаи  байни зан ва шавҳари собиқ муайян кардан мумкин аст

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …