Главная / Ҷамъият / Вазифаи зану шавҳар дар бобати таъминоти якдигар

Вазифаи зану шавҳар дар бобати таъминоти якдигар

Моддаи 90-и Кодекси оила.  Вазифаи зану шавҳар  дар бобати  таъминоти  якдигар 

  1. Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намоянд.
  2. Дар сурати саркашӣ намудан аз чунин дастгирӣ ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар инҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблaғи зарурӣ дорад, ба тартиби судӣ пардохти алиментро талаб кунанд:

– зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд;

– зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;

– зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ҳаждаҳсола ё фарзанди умумии маъюби  модарзоди  гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …