Моддаи 9-и Кодекси оила. Истифодаи мӯҳлати даъво дар муносибатҳои оилавӣ
Нисбати талаботе, ки аз муносибатҳои оилавӣ бармеоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқи поймолшударо ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, мӯҳлати даъво татбиқ намегардад. Зимни истифодаи меъёрҳое, ки мӯҳлати даъворо муқаррар менамоянд, суд меъёрҳои дахлдори дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро дастури амал қарор медиҳад.