Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳое, ки протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад

Ҳолатҳое, ки протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад

Моддаи 87-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳолатҳое, ки протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад

  1. Ҳангоми  содир  кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,  ки ҷазои маъмурӣ барои он дар намуди огоҳӣ пешбинӣ шудааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад ва огоҳии намунаи муқарраргардида ба расмият дароварда мешавад.
  2. Ҳангоми содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки дар моддаҳои 317 қисми 1, 324, 333 қисми 2, 338 қисми 1, 340 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Ҷазои маъмурӣ дар бланкаи намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ба расмият дароварда мешавад ва дар сурати ситонидани ҷарима дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, пардохтномаи намунаи муқарраргардида дода мешавад. (ЌЉТ аз 25.12.15с., № 1263; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  3. Ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар моддаҳои 310 қисми 3, 314, 317, 318, 324, 325 ва 326 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ  тартиб  дода  намешавад. Дар ин ҳолат ба соҳиби воситаи нақлиёт расми сабти видеои ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаи намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда фиристонида мешаванд. (ЌЉТ аз 25.12.15с., № 1263)
  4. Агар шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷудияти ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷазои маъмурии бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 1-3 ҳамин модда таъиншударо мавриди баҳс қарор диҳад, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, он бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешбурд ва баррасӣ карда мешавад.
  5. Соҳиби воситаи нақлиёт аз ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда, ки бо воситаи нақлиёти ба ӯ тааллуқдошта содир шудааст, озод карда мешавад, агар ҳангоми санҷиши муроҷиат ё аризаи ӯ шахси идоракунандаи воситаи нақлиёт дар вақти сабти ҳуқуқвайронкунӣ муайян карда шавад ё муайян гардад, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои ғайриқонунии шахсони дигар воситаи нақлиёт аз ихтиёрдории ӯ гирифта шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …