Главная / Ҷамъият / Фиристодани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қарори прокурор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ

Фиристодани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қарори прокурор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ

Моддаи 85-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Фиристодани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қарори прокурор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ 

  1. Протоколи тартибдодаи мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ё қарори прокурор оид ба оғоз кардани  парвандаи  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ дар давоми  се шабонарӯз  ба  судя,  мақомоти  ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) равон  карда мешаванд.
  2. Протокол ва ё қарори прокурор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки содир кардани он боиси ҳабси маъмурӣ ё бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун  кардан  мегардад,  баъди  тартиб додан фавран барои баррасӣ ба судя супорида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  3. Ҳангоми ба мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо асосҳои пешбинигардидаи қисми 1 моддаи 134 Кодекси мазкур баргардонидани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парванда мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) мазкур камбудиҳои нишондодашударо дар давоми то се шабонарӯз ислоҳ намуда, протокол ва дигар маводи парвандаро такроран ба судя, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) баррасикунандаи парванда мефиристонанд ё мутобиқи талаботи Кодекси мазкур дигар қарор қабул менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …