Главная / Ҷамъият / Ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

Ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

Моддаи 84-и Кодекси оила. Ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд 

  1. Барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81-83 ҳамин Кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кӯдак пардохта мешавад.
  2. Алименте, ки аз падару модар барои кӯдакони бе парастории падару модар монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарордошта ситонида мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кӯдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.

Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблағро ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари кредитӣ гузаронанд. Панҷоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кӯдакон дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кӯдак, маблағи алименти барои ӯ гирифташуда ва панҷоҳ фоизи даромад аз муомилоти он дар шӯъбаи бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби шахсии кӯдак гузаронида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …