Главная / Ҷамъият / Вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти андоз

Вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти андоз

Моддаи 84-и Кодекси Андоз. Вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти андоз

  1. Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд –мақомоти андоз) аз мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти ҳудудии андоз иборат мебошанд. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгўи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи мақоми ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  2. Ба мақомоти ҳудудии андоз раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозироти андоз дар шаҳрҳо (ноҳияҳо), нозироти андози андозсупорандагони калон, дигар мақомоти минтақавии андоз, инчунин мақомотиминтақавии мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд.
  3. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти ҳудудии андоз системаи ягонаи мутамаркази мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.
  4. Мақоми ваколатдори давлатӣ ба низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
  5. Мақомоти ҳудудии андоз бевосита ба таври амудӣ (вертикалӣ) ба мақомоти дахлдори болоии андоз ҳисоботдиҳанда ва тобеъ буда,ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тобеъ нестанд.
  6. Мақомоти андоз шахсони ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисобҳои махсус дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти он дар маҳалҳо, мўҳр бо акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ ба забони давлатӣ мебошанд.
  7. Мақомоти андоз дорои рамз мебошанд, инчунин ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони ба натиҷаҳои назаррас ноилгашта аз нишони сарисинагии идоравӣ истифода мебаранд, ки тасвири онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  8. Мақомоти андоз дар масъалаҳои таъмини назорати давлатии пардохти пурра ва саривақтии андозҳо дорои тамоми ваколатҳо мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи Кодекси мазкур ситонидани андозҳо ба дигар мақомот вогузор шудааст.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …