Главная / Ҷамъият / Вазифаҳои асосии мақомоти андоз

Вазифаҳои асосии мақомоти андоз

Моддаи 83-и Кодекси Андоз. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз

  1. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз инҳо мебошанд:

-таъмини риоя намудани қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра ва сари вақт ворид намудани андозҳо ба буҷет;

-дар доираи ваколатҳои худ иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили маъмурикунонии андозҳо;

-дар доираи ваколатҳои худ таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ;

муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти андоз  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1297);

– расонидани ёрӣ ба андозсупорандагон оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз.

  1. Мақомоти андоз фаъолияти худро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти андози дигар давлатҳо амалӣ менамоянд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-88-karori-shahrsozi

Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 88-и  Қарори шаҳрсозӣ. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии …