Главная / Ҷамъият / Оқибатҳои пешниҳоди ариза, ҷаримаҳо ва фоизҳо

Оқибатҳои пешниҳоди ариза, ҷаримаҳо ва фоизҳо

Моддаи 82-и Кодекси Андоз. Оқибатҳои пешниҳоди ариза (шикоят) нисбат баҳисобкунии маблағҳои андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо

  1. То ба охир расидани баррасии ариза (шикоят) нисбат ба ҳисобкунии маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳо, ки ба мақомоти андоз пешниҳод шудааст, тибқи расмиёти муқаррарнамудаи боби 12 Кодекси мазкур танҳо он қисми ўҳдадориҳои андоз бояд пардохт ва ситонида шавад, ки аз ҷониби андозсупоранда мавриди баҳс қарор нагирифтааст.
  2. Боздоштани пардохти маблағи ҳамаи ўҳдадориҳои андоз ё як қисми он вобаста ба баррасии шикоят андозсупорандаро аз пардохти фоизҳо барои сари вақт нагузаронидани маблағ ба буҷет, аз ҷумла фоизҳое, ки дар давраи аз санаи пешниҳоди шикоят то қабули қарор вобаста ба шикоят ҳисоб шудааст, озод намекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …