Главная / Ҷамъият / Изофакорӣ

Изофакорӣ

Моддаи 79-и Кодекси Меҳнат. Изофакорӣ

  1. Изофакорӣ дар ҳолатҳои истисноӣ, ки моддаи 80 Кодекси мазкур муқаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва бо тартибе, ки корфармо бо мувофиқаи намояндагони кормандон муқаррар намудааст, истифода бурда мешавад.
  2. Корфармо уҳдадор аст ҳангоми изофакорӣ бехатарии меҳнат ва шароити муътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо таъмин намояд.
  3. Ҷалби кормандон ба изофакорӣ бо риояи маҳдудиятҳое, ки Кодекси мазкур нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон муқаррар намудааст, сурат мегирад.
  4. Ҳангоми 12 соат будани давомнокии баст, инчунин дар корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошанд, изофакорӣ манъ аст.
  5. Изофакорӣ набояд дар давоми ду рўз пай дар пай беш аз ин бошад:

– ду соат дар корҳое, ки шароити меҳнат вазнин ва ё зарарнок бошад;

– чор соат дар дигар корҳо.

  1. Барои ҳар як корманд изофакорӣ дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …