Главная / Ҷамъият / Мазмуни протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Мазмуни протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 79-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мазмуни протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сана ва маҳалли  тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахсе, ки протоколро тартиб додааст, маълумот дар бораи шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, маҳал, вақти содиршавӣ,  ҳодиса ва моҳияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои ин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  пешбинӣ менамояд,  насаб, ном ва номи падар, суроғаи шоҳидон ва ҷабрдидаҳо (агар бошанд), баёноти шахсони воқеӣ, мансабдор, ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, хоҳиши онҳо дар бораи иштироки ҳимоятгар ё бе иштироки ӯ (оид ба парвандаҳое, ки иштироки ҳимоятгар дар онҳо ҳатмӣ нест) ва дигар маълумоти барои ҳалли парванда зарур  сабт  карда  мешаванд.
  2. Ҳангоми тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ ба шахсони воқеӣ,  мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, инчунин ба ҳимоятгар ва дигар  иштирокчиёни  баррасии  парванда ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тибқи Кодекси мазкур пешбинигардида фаҳмонида шуда, он дар  протокол сабт карда мешавад.
  3. Ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, бояд имконияти шиносшавӣ бо протоколи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маводи ба он замимагардида дода шавад. Шахсони зикргардида ҳуқуқ доранд бо иштироки ҳимоятгар баёнот дода, доир ба мазмуни протокол мулоҳизаҳои худро изҳор намоянд, ки  онҳо ба протокол замима карда мешаванд.
  4. Ба протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси мансабдор, ки онро тартиб  додааст, инчунин шахсони воқеӣ,  мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ оғоз карда  шудааст, ҳимоятгар, шоҳидон ва ҷабрдидаҳо (агар бошанд) имзо мегузоранд. Агар чунин шахсон аз имзо кардани протокол  саркашӣ намоянд, доир ба ин ҳолат дар  протокол аз ҷониби шахси мансабдор, ки протоколро барои шиносшавӣ пешниҳод намудааст, сабти дахлдор ворид карда мешавад.
  5. Ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  оғоз карда шудааст, инчунин ба ҷабрдида тибқи дастхат нусхаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ супорида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …