Главная / Ҷамъият / Ба қисмҳо тақсим кардани рўзи корӣ

Ба қисмҳо тақсим кардани рўзи корӣ

Моддаи 75-и Кодекси Меҳнат. Ба қисмҳо тақсим кардани рўзи корӣ

  1. Дар корҳои дорои хусусияти махсуси меҳнат ҳангоми зарурат рўзи корӣ бо розигии корманд метавонад ба қисмҳо тақсим карда шавад, агар давомнокии умумии вақти корӣ аз давомнокии муқарраргардидаи вақти кории ҳаррўза зиёд набошад.
  2. Намуди корҳое, ки дар онҳо рўзи корӣ ба қисмҳо тақсим карда мешавад, миқдор ва давомнокии танаффус дар кор, инчунин намудҳо ва ҳаҷми ҷубронро ба кормандон барои кор дар чунин шароит созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон муайян менамояд.
  3. Барои кормандони эҷодии ташкилотҳои касбии санъат ва соҳаи фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, варзишгарон, мураббиён мумкин аст давомнокии дигари вақти корӣ тибқи Кодекси мазкур, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо муқаррар карда шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …