Главная / Ҷамъият / Манъ кардани воситаи нақлиёт

Манъ кардани воситаи нақлиёт

Моддаи 72-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Манъ кардани воситаи нақлиёт 

  1. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ҳолатҳои зерин метавонанд воситаи нақлиётро манъ намоянд:

– риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

– дар нақлиёт мавҷуд будани нишонаҳои вайронӣ ва ё ба талаботи мавҷуда ҷавобгӯй набудани қисмҳои он;

– агар ҳангоми ҳаракати воситаи нақлиёт қобилияти идоракунии ронанда шубҳаовар бошад;

– агар маълумот дар бораи дар кофтуков қарор доштани воситаи нақлиёти мазкур мавҷуд бошад.

  1. Ҳангоми манъ кардани воситаи нақлиёт муайян шудани ҳолатҳои идоракунии воситаи нақлиёти аз муоинаи давлатии техникӣ нагузашта ё дорои нуқсонҳо ё ба воситаҳои нақлиёт бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ насб кардани воситаҳои равшанидиҳандаи ба стандарт ҷавобгӯйнабуда ё таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё риоя накардани қоида ва меъёрҳои истифодаи тракторҳо, мошинҳои худгард, роҳсоз ва дигар мошину таҷҳизот бо роҳи кушода гирифтани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ то бартараф кардани сабабҳои манъ кардан, истифодаи воситаи нақлиёт манъ карда мешавад.
  2. Мӯҳлати манъи истифодаи воситаҳои нақлиёт аз лаҳзаи кушода гирифтани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ ҳисоб карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …