Главная / Чамъият / Азназаргузаронии бино ва худудхое, ки ба шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди тааллук доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва хуччатхои дар онхо мавчудбуда

Азназаргузаронии бино ва худудхое, ки ба шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди тааллук доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва хуччатхои дар онхо мавчудбуда

Моддаи 67-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Азназаргузаронии бино ва худудхое, ки ба шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди тааллук доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва хуччатхои дар онхо мавчудбуда 

  1. Азназаргузаронии бино ва худудхои ба шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди тааллукдошта, ки барои фаъолияти сохибкори истифода мешаванд ва азназаргузаронии молу мулк ва хуччатхои дар онхо мавчудбуда дар хузури намояндаи шахси хукуки, сохибкори инфироди ё намояндаи у ва ду нафар шахсони холис аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор)  тибки Кодекси мазкур анчом дода мешавад.
  2. Дар бораи азназаргузаронии бино, худудхое, ки ба шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди тааллук доранд ва молу мулку хуччатхои дар онхо мавчудбуда протокол тартиб дода шуда, дар он сана ва махали тартибдихи, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси хукуки ё сохибкори инфиродии дахлдор, инчунин маълумот дар бораи намояндаи у, бино ва худудхои мавриди азназаргузарони карордодашуда, намуд, микдор ва дигар аломатхои хаммонандсозии молу мулк, инчунин маълумот дар бораи намуд ва нишонахои хуччатхо зикр мегарданд.
  3. Протоколи азназаргузаронии биною худудхои ба шахси хукуки ё сохибкори инфироди тааллукдошта, молу мулк ва хуччатхои дар онхо мавчудбуда аз чониби шахси мансабдори онро тартибдода, намояндаи шахси хукуки, сохибкори инфироди, инчунин аз чониби шахсони холис имзо карда мешавад. Дар сурати аз имзои протокол саркаши кардани намояндаи шахси хукуки ё сохибкори инфироди ё намояндаи он аз ин хусус дар протокол сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии биною худудхои ба шахси хукуки ё сохибкори инфироди тааллукдошта ва молу мулку хуччатхои дар онхо мавчудбуда ба намояндаи шахси хукуки ё сохибкори инфироди бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб махкум …