Главная / Ҷамъият / Истифодаи объектҳои об барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ

Истифодаи объектҳои об барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ

Моддаи 65-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Истифодаи объектҳои об барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ

1.Тамоми объектҳои об, ба истиснои объектҳои обе, ки дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, ҳавзҳои моҳипарварӣ, ҳавзҳо ва дигар хоҷагиҳои парвариши моҳӣ воқеъ гардидаанд, имкон дорад дар сурати риояи қоидаҳои муқарраргардида, барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ истифода бурда шаванд.

2.Барои мақсадҳои мазкур мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об метавонад объекти об ё қитъаҳои алоҳидаи онҳоро ҷудо намояд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

3.Дар обанборҳое, ки ба ҷамъиятҳои варзишӣ барои ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ дода шудаанд, моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ дар асоси иҷозати  ин ҷамъиятҳо додашаванда, амалӣ мегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …