Главная / Ҷамъият / Иҷрои ўҳдадориҳои андози шахсони воқеии фавтида

Иҷрои ўҳдадориҳои андози шахсони воқеии фавтида

Моддаи 63-и Кодекси Андози. Иҷрои ўҳдадориҳои андози шахсони воқеии фавтида, ғайри қобили амал эътирофшуда, бедарак ғоиб ё шахсоне, ки аз ҷониби суд фавтида эълон шудаанд

  1. Ӯҳдадориҳои андози шахси воқеии фавтида ё шахсе, кисуд ўро фавтида эълон кардааст, вориси (ворисони) он дар доираи арзиши молу мулки ба мерос гирифтааш (он) ва мутаносибан ба ҳиссаи молу мулки ба мерос гирифтааш (он) дар санаи гирифтан иҷро менамоянд.
  2. Дар ҳолати набудани ворисон ё аз мерос даст кашидани ҳамаи ворисон, ўҳдадориҳои андози шахси воқеии фавтида ё шахсе, ки суд ўро фавтида эълон кардааст, қатъ мегарданд ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳамчун қарзҳои беэътимоди андоз аз ҳисоб бароварда мешаванд.
  3. Ӯҳдадориҳои андози шахси воқеиро, ки суд бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф кардааст, шахсе ки молу мулки шахси мазкурро соҳибӣ менамояд, аз ҳисоби ҳамин молу мулк иҷро мекунад.
  4. Агар молу мулки шахси тибқи тартиби муқарраргардида бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда ё шахсе, ки суд ўро фавтида эълон кардааст, барои иҷрои ўҳдадориҳои андози ин шахси воқеӣ, аз ҷумла ҷаримаю фоизҳои ҳисобшуда нокифоя бошад, пас қисми иҷронашудаи ўҳдадориҳои андоз, аз ҷумла ҷаримаю фоизҳои шахси воқеии бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда ё шахсе, ки суд ўро фавтида эълон кардааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳамчун қарзҳои беэътимоди андоз аз ҳисоб бароварда мешаванд.
  5. Ҳангоми тибқи тартиби муқарраргардида қабул шудани қарор дар бораи беэътибор донистани эътирофи шахси воқеӣ ҳамчун бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда ё дар бораи бекор кардани қарори дахлдори суд дар бораи фавтида эълон кардани шахси воқеӣ амали ўҳдадориҳои андоз, ки қаблан мувофиқи қисмҳои 2 ва 4 ҳамин модда аз ҳисоб бароварда шуда буданд, барқарор карда мешаванд, аммо фоизҳо ва ҷаримаҳо аз давраи қабули қарор дар хусуси бедарак ғоиб, ғайри қобили амал эътироф намудан ё фавтида эълон кардани шаҳрванд (шахси воқеӣ) то лаҳзаи қабул шудани қарори дахлдор ҳисоб карда намешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …