Главная / Чамъият / Ичрои ухдадорихои андози шахсони вокеии фавтида

Ичрои ухдадорихои андози шахсони вокеии фавтида

Моддаи 63-и Кодекси Андози. Ичрои ухдадорихои андози шахсони вокеии фавтида, гайри кобили амал эътирофшуда, бедарак гоиб ё шахсоне, ки аз чониби суд фавтида эълон шудаанд

  1. Ухдадорихои андози шахси вокеии фавтида ё шахсе, кисуд уро фавтида эълон кардааст, вориси (ворисони) он дар доираи арзиши молу мулки ба мерос гирифтааш (он) ва мутаносибан ба хиссаи молу мулки ба мерос гирифтааш (он) дар санаи гирифтан ичро менамоянд.
  2. Дар холати набудани ворисон ё аз мерос даст кашидани хамаи ворисон, ухдадорихои андози шахси вокеии фавтида ё шахсе, ки суд уро фавтида эълон кардааст, катъ мегарданд ва тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур хамчун карзхои беэътимоди андоз аз хисоб бароварда мешаванд.
  3. Ухдадорихои андози шахси вокеиро, ки суд бедарак гоиб ё гайри кобили амал эътироф кардааст, шахсе ки молу мулки шахси мазкурро сохиби менамояд, аз хисоби хамин молу мулк ичро мекунад.
  4. Агар молу мулки шахси тибки тартиби мукарраргардида бедарак гоиб ё гайри кобили амал эътирофшуда ё шахсе, ки суд уро фавтида эълон кардааст, барои ичрои ухдадорихои андози ин шахси вокеи, аз чумла чаримаю фоизхои хисобшуда нокифоя бошад, пас кисми ичронашудаи ухдадорихои андоз, аз чумла чаримаю фоизхои шахси вокеии бедарак гоиб ё гайри кобили амал эътирофшуда ё шахсе, ки суд уро фавтида эълон кардааст, тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур хамчун карзхои беэътимоди андоз аз хисоб бароварда мешаванд.
  5. Хангоми тибки тартиби мукарраргардида кабул шудани карор дар бораи беэътибор донистани эътирофи шахси вокеи хамчун бедарак гоиб ё гайри кобили амал эътирофшуда ё дар бораи бекор кардани карори дахлдори суд дар бораи фавтида эълон кардани шахси вокеи амали ухдадорихои андоз, ки каблан мувофики кисмхои 2 ва 4 хамин модда аз хисоб бароварда шуда буданд, баркарор карда мешаванд, аммо фоизхо ва чаримахо аз давраи кабули карор дар хусуси бедарак гоиб, гайри кобили амал эътироф намудан ё фавтида эълон кардани шахрванд (шахси вокеи) то лахзаи кабул шудани карори дахлдор хисоб карда намешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …