Моддаи 62-и Кодекси Андози. Иҷрои ўҳдадории андози соҳибкори инфиродие, ки фаъолияташро қатъ менамояд
- Соҳибкори инфиродӣ дар давоми 5 рўзи корӣ аз рўзи қабули қарор дар бораи қатъ намудани фаъолияташ ба таври хаттӣ дар ин хусус ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш хабар медиҳад.
- Ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ аз рўи намудҳои андозҳое тартиб дода мешавад, ки соҳибкори инфиродии фаъолияташро қатъкунанда андозсупорандаи (агенти андози) онҳо мебошад.
- Андозҳое, ки дар ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ дарҷ гардидаанд, аз ҷониби соҳибкори инфиродии фаъолияташро қатъкунанда ҳамзамон бо пешниҳоди ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ ба мақомоти андоз пардохт мешаванд.
- Санҷиши андоз бояд на дертар аз 3 рўзи корӣ баъди аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи соҳибкори инфиродии фаъолияташро қатъкунанда оғоз гардад.
- Нисбат ба соҳибкори инфиродии тибқи патент амалкунанда ба ҷои санҷиши андоз аз ҷониби мақомоти андози дахлдор муқоисаи маблағҳои пардохтшудаи андоз анҷом дода мешавад.