Главная / Ҷамъият / Иҷрои ўҳдадориҳои андоз

Иҷрои ўҳдадориҳои андоз

Моддаи 59-и Кодекси Андоз. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз

  1. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз, новобаста ба мавҷудияти маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкӣ ва дигар молу мулки андозсупоранда ҳатмӣ буда, аз пардохти маблағи андозҳои пардохтшаванда, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшуда дар мўҳлатҳои муқарраргардида иборат мебошад.
  2. Иҷрои ўҳдадории андоз аз ҷониби андозсупоранда мустақилона амалӣкарда мешавад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории андоз иҷрои ўҳдадории андоз метавонад ба зиммаи агенти андоз ё дигар шахси ўҳдадор гузошта шавад. Бо қарори мақомоти дахлдори давлатӣ воҳидҳои сохтории он метавонанд ўҳдадории пардохти андозҳоро мустақилона иҷро намоянд.Дар ҳолате, ки дар шаҳр (ноҳия) ду ва зиёда воҳидҳои алоҳидаи як шахси ҳуқуқӣ мавҷуд бошанд, иҷрои ўҳдадориҳои андоз пас аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ огоҳ сохтани мақомоти андоз аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ метавонад ба яке аз онҳо вогузор карда шавад.
  3. Ӯҳдадории андоз бояд аз ҷониби андозсупоранда тибқи тартиб ва дар мўҳлатҳое, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба иҷро расонида шавад.
  4. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад ўҳдадории андозро пеш аз мўҳлат иҷро намояд.
  5. Ҳангоми пардохти андозҳо дар ҳуҷҷатҳои пардохтӣ аз ҷониби пулфиристонанда насаб, ном, ва номи падар (дар ҳолати мавҷуд будан) ё номи андозсупоранда, рақами мушаххаси вай, номгўи андози пардохтшаванда ва давраи андоз нишон дода мешаванд.
  6. Ӯҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз, ки агенти андоз иҷро менамояд, аз рўзи нигоҳ доштан ва ба буҷет пардохт намудани андоз иҷрошуда ҳисобида мешавад.
  7. Ӯҳдадории андоз оид ба пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва (ё) фоизҳо метавонад бо роҳи баҳисобгирии андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 69 Кодекси мазкур иҷро карда шавад. Дар ҳолати напардохтан ё пардохти нопурраи андозҳо дар мўҳлатҳои муқарраршуда ситонидани андоз бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
  8. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ўҳдадорӣ оид ба ҳисоб кардани маблағи намудҳои алоҳидаи андозҳо метавонад ба мақомоти андоз ва мақомоти ваколатдор вогузор карда шавад.
  9. Мўҳлатҳои иҷрои ўҳдадории андоз бо Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд. Ҳамзамон ҷараёни мўҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз рўзи минбаъдаи баъд аз фаро расидани ҳодисаи воқеӣ ё амали ҳуқуқӣ, ки оғози мўҳлати иҷрои ўҳдадории андоз бо он муайян шудааст, оғоз мешавад. Мўҳлат дар фарҷоми рўзи охирини давраи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба охир мерасад. Агар рўзи охирини мўҳлат ба рўзи ғайрикорӣ рост ояд, пас мўҳлат дар фарҷоми рўзи минбаъдаи корӣ ба охир мерасад.
  10. Ӯҳдадории андози шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур бояд аз ҷониби воҳиди алоҳидаи вай иҷро карда шавад.
  11. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз дар ҳолати муфлисшавии андозсупоранда мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ дар бораи муфлисшавӣ амалӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …