Главная / Ҷамъият / Ӯҳдадориҳои ташкилотҳои хоҷагии об оиди обрасонӣ

Ӯҳдадориҳои ташкилотҳои хоҷагии об оиди обрасонӣ

Моддаи 48-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳои хоҷагии об оиди обрасонӣ

1.Ташкилотҳои хоҷагии об фаъолияти худро мутобиқи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи тарафҳо оиди расонидани об ба истифодабарандагон амалӣ менамоянд.

2.Ҷиҳати риоя намудани нуқтаҳои шартномаи тарафҳо оиди обрасонӣ ташкилотҳои хоҷагии об ӯҳдадоранд:

-ҳолати боэътимоди техникии системаҳои обёриро (ирригатсиониро) то мӯҳлатҳои дар шартномаи тарафҳо оиди ба истифодабарандагон расонидани миқдори об пешбинишуда таъмин намоянд;

-заҳбуру заҳкашҳо, объектҳои қабули оби партов, обтаъминкунӣ ва обравониро омода созанд;

-обистифодабарандагонро мутобиқи мӯҳлат ва меъёри пешбинишуда бо об таъмин намоянд;

-бо мувофиқат бо истифодабарандагони об барои муайян кардани миқдори оби расонидашуда, дар ҷойҳои обгузаре, ки дар шартнома нишон дода шудааст, дастгоҳҳои обченкунӣ гузоранд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …