Бекор кардани шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ то ба охир расидани муҳлат
Meg S
27.03.2018
Ҷамъият
79 Показы
Моддаи 47-и Кодекси Меҳнат. Бекор кардани шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ то ба охир расидани муҳлат

- Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ, ки дар сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 25 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, метавонад то ба охир расидани муҳлат бо асосҳои пешбиникардаи моддаҳои 38 ва 39 Кодекси мазкур бекор карда шавад. Дар ин ҳолатҳо дар шартҳои шартномаи меҳнатӣ мумкин аст пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ пешбинӣ карда шавад.
- Корфармо аз пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ озод карда мешавад, агар шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корманд ё бинобар уҳдадориҳои меҳнатии худро иҷро накардани корманд пеш аз муҳлат бекор карда шавад.
Кодекси Мехнат 2018-03-27