Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳое, ки иштироки судя, дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд

Ҳолатҳое, ки иштироки судя, дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд

Моддаи 38-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳолатҳое, ки иштироки судя, мақомоти ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд

  1. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) наметавонанд дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  иштирок намоянд, агар:

– тибқи қонун барои пешбурд ва баррасии ҳамин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор набошанд;

– оид ба ҳамин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷабрдида ё шоҳид бошанд;

– дар ҳамин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба сифати коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахси холис, прокурор, котиби маҷлиси суд ва  ҳимоятгар иштирок карда бошанд;

– худи онҳо, хешовандони наздикашон бевосита ё бавосита ба ҳалли парванда манфиатдор бошанд;

– ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беғаразии судя, мақомоти ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) зери шубҳа гузоранд.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) вазифадоранд аз иштирок дар парванда даст кашанд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …