Главная / Ҷамъият / Ҷуброни хароҷоти ҷабрдида, шоҳид, коршинос, тарҷумон ва шахсони холис

Ҷуброни хароҷоти ҷабрдида, шоҳид, коршинос, тарҷумон ва шахсони холис

Моддаи 37-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҷуброни хароҷоти ҷабрдида, шоҳид, коршинос, тарҷумон  ва шахсони холис

  1. Ба ҷабрдида, шоҳид, коршинос, тарҷумон ва шахсони холис тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти ҳозиршавӣ бо даъвати судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки дар пешбурди онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дорад, арзиши роҳкирои ин шахсон аз маҳали истиқомат ё будубош ба ҷойи пешбурди парванда ва бозгашт, агар он бо сукунат дар маҳали дигар вобаста бошад, арзиши кирои манзили истиқоматӣ, инчунин хароҷоти шабонарӯзӣ ҷуброн карда мешавад.
  2. Шахсоне, ки оид ба пешбурди парванда ба сифати ҷабрдида, шоҳид, коршинос, тарҷумон ва шахсони холис даъват шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди миёнаи ҷойи кор ба мӯҳлатҳое пардохта мешавад, ки барои ҳозир шудан ба суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, сарф намудаанд. 
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …