Главная / Ҷамъият / Моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар

Моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар

Моддаи 36-и Кодекси оила. Моликияти ҳар кадоме аз  зану шавҳар 

  1. Молу мулкие, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулкие, ки дар давраи заношӯӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадья ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад.
  2. Ашьёи истифодаи шахсӣ (либос пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношӯӣ аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.
  3. Суд метавонад молу мулкиеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми ҷудо зиндагӣ карданашон ҷамъ овардаанд, дар сурати воқеан қатъ гардидани ақди никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …