Главная / Ҷамъият / Прокурор

Прокурор

Моддаи 36-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Прокурор 

  1. Прокурор ҳуқуқ дорад:

– қонунӣ будани амали мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар пешбурди онҳо қарор дорад, санҷад;

– аз мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) маводи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро талаб намояд;

– қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) -ро дар хусуси рад намудан аз оғози  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, маводро барои санҷиши иловагӣ  ирсол намояд ё  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намояд;

– қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-ро дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қатъ намояд;

– парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намояд;

– ба санадҳои судӣ ва қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) нисбати парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, сарфи назар аз иштирок дар баррасии парванда эътироз оварад;

– аз рӯи қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки онро оғоз кардааст, инчунин нисбати ноболиғон эътироз оварад;

– дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок намояд, дархост пешниҳод кунад, доир ба масъалаҳои ҳангоми баррасии парванда ба миёномада хулоса диҳад;

– бо мақсади ҳалли ариза ва шикоятҳо ё ин, ки зимни санҷиши риояи қонунҳо парвандаҳои дахлдорро, ки қарорҳои онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, талаб намояд, нисбати онҳо эътироз оварад;

– доир ба масъалаҳои татбиқи чораҳои таъминкунандаи  пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод намояд ё эътироз оварад;

– ваколатҳои дигареро, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, амалӣ намояд.

  1. Дар бораи маҳал ва вақти баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки аз тарафи ноболиғ содир шудааст ё бо ташаббуси прокурор оғоз гардидааст, ба прокурор хабар дода мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …