Главная / Ҷамъият / Ташхиси давлатии шароити меҳнат

Ташхиси давлатии шароити меҳнат

Моддаи 354-и Кодекси Меҳнат. Ташхиси давлатии шароити меҳнат

  1. Бо мақсади назорати шароит ва ҳифзи меҳнат, сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рўи шароити меҳнат, саҳеҳияти пардохти ҷубронпулӣ барои корҳои вазнин ва корҳои дорои шароити хатарнок ё зарарноки меҳнат, инчунин омода намудани таклифҳо дар бораи дохил кардани ташкилот ба гурўҳи хатарноки касбӣ, мутобиқи натиҷаҳои сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташхиси шароити меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
  2. Хулосаи ташхиси шароити меҳнат барои аз тарафи суд баррасӣ гардидани масъала дар бораи барҳам додани ташкилот ё сохтори он дар мавриди ошкор шудани вайронкунии талаботи ҳифзи меҳнат асоси воқеӣ мебошад.
  3. Ташхиси шароити меҳнат дар ҷойҳои корӣ ҳангоми лоиҳакашии сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои истеҳсолӣ, ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, инчунин бо дархости мақомоти судӣ, мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, кормандон, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …