Главная / Ҷамъият / Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила

Моддаи 3-и Кодекси оила. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила 

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси  мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур мутобиқ бошанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки тибқи асос ва бо мақсади иҷрои ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои оилавӣ санадҳои меъёри ҳуқуқӣ қабул намояд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …