Амали Кодекси мазкур дар макон
16.04.2018
55 Показы
Моддаи 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Амали Кодекси мазкур дар макон

- Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мувофиқи Кодекси мазкур сурат мегирад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
- Муқаррароти Кодекси мазкур, инчунин ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳое татбиқ мегарданд, ки дар ҳавопаймо, киштиҳои баҳрӣ ва дарёӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавоӣ таҳти парчам ё нишонаи фарқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, содир шудаанд.
- Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии давлати хориҷӣ аз тарафи мақомоти тафтишот ва судҳои давлати хориҷӣ ва ё бо супориши онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор дар ҳолате татбиқ мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пешбинӣ шуда бошад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-16
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …