Моддаи 294-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳои иловагии меҳнатӣ барои намояндагони кормандон
- Ба намояндагони кормандон вобаста ба амалӣ гардонидани фаъолияти намояндагӣ ҳимоя аз ҳар гуна таъқиби корфармо кафолат дода мешавад.
- Ба кормандоне, ки бинобар намояндаи кормандон интихоб шуданашон аз фаъолияти истеҳсолӣ озод гардидаанд, пас аз хатми ваколатҳои интихобиашон ҷойи кори (вазифаи) пештараашон пешниҳод карда мешавад, агар чунин ҷойи кор мавҷуд набошад, ҷойи кори (вазифаи) ба он баробар дар ҳамон ташкилот пешниҳод мегардад.