Главная / Ҷамъият / Беэътибор донистани ақди никоҳ

Беэътибор донистани ақди никоҳ

Моддаи 28-и Кодекси оила. Беэътибор донистани ақди никоҳ

  1. Дар сурати вайрон кардани шартҳои дар моддаҳои 12 ва 14 ҳамин Кодекс, инчунин дар мавриди бастани ақди никоҳи қалбакӣ, яъне агар зану шавҳар ё яке аз онҳо ақди никоҳро бе нияти бунёди оила сабт карда бошанд, ақди никоҳ беэътибор дониста мешавад. Ақди никоҳе, ки маҷбурӣ ё бо роҳи фиреб баста шудааст, тибқи аризаи ҷабрдида ё прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290).
  2. Ақди никоҳ аз ҷониби суд беэътибор дониста мешавад.
  3. Суд вазифадор аст, ки дар мӯҳлати се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи беэътибор донистани ақди никоҳ иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали бақайдгирии давлатии ақди никоҳ  фиристад.
  4. Ақди никоҳи хилофи талаботи қисми 1 моддаи мазкур басташуда аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор аст. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …