Главная / Ҷамъият / Истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об

Истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об

Моддаи 25-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об

1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудааст, истифодабарандагони аввалаи об буда, дар ҳолатҳои муқарраркардаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифодаи баъдинаи обро иҷозат диҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Шартҳои истифодаи баъдинаи об, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн бояд дар шартномаи байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об зикр гардида, ба расмият дароварда шаванд.

Инчунин кобед

musafed

БОБОИ СУЛТОНАЛӢ

Дар доманакӯҳҳои Панҷрӯд ҳамвориҳое ҳастанд, ки он- ҳоро Хирманҷой меноманд. Яке аз хирманҷоҳои кӯҳи Соя …