Моддаи 246-и Кодекси Меҳнат. Ҳисоби вақти корӣ ва вақти дамгирӣ ҳангоми кор бо усули вахтавӣ
- Ҳангоми кор бо усули вахтавӣ маҷмўи вақти корӣ ба муддати як моҳ, се моҳ ё вақти зиёдтар, вале на зиёдтар аз як сол муқаррар карда мешавад.
- Давраи ҳисоб вақти корӣ, вақти дамгирӣ, вақти дар роҳ то макони корфармо ва ё аз нуқтаи ҷамъшавии кормандон то ҷойи кор ва баргашта оварданро дар бар мегирад. Ҳамзамон маҷмўи давомнокии вақти кор барои давраи ҳисоботӣ набояд аз меъёри муқаррарнамудаи Кодекси мазкур зиёд бошад.
- Қисман додани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дар давоми истироҳати байнивахтавӣ иҷозат дода намешавад.
- Корфармо уҳдадор аст, ки ҳисоби вақти кор ва вақти дамгирии кормандеро, ки бо усули вахтавӣ кор мекунад, ҳар моҳ, алоҳида ва дар давоми тамоми давраи ҳисоботӣ ба роҳ монад.
- Барои иҷрои корҳои вахтавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ пардохт карда мешавад.