Главная / Ҷамъият / Ҳалли масъалаҳо дар бораи баргардонидани иҷрои қарор аз ҷониби суди марҳилаи якум

Ҳалли масъалаҳо дар бораи баргардонидани иҷрои қарор аз ҷониби суди марҳилаи якум

Моддаи 246-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳалли масъалаҳо дар бораи баргардонидани иҷрои қарор аз ҷониби суди марҳилаи якум 

  1. Суде, ки ба он парванда барои баррасии нав супорида шудааст, ӯҳдадор аст бо ташаббуси худ масъалаи баргардонидани иҷрои қарорро баррасӣ намуда, онро дар қарор ё таъиноти наве, ки бо он баррасии парванда қатъ мегардад, ҳал намояд.
  2. Агар суди парвандаро аз нав баррасинамуда масъалаи баргардонидани иҷрои қарори бекоркардаро ҳал накунад, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад дар доираи мӯҳлати даъво ба ҳамин суд дар хусуси баргардонидани иҷрои қарор ариза диҳад. Ин ариза дар маҷлиси судӣ баррасӣ карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси суд огоҳ карда шуда, ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи дар назди суд гузошташуда монеа намегардад.
  3. Нисбат ба санади судии қабулшуда дар бораи баргардонидани иҷрои қарор мумкин аст бо асос ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур шикояти кассатсионӣ ё шикояти хусусӣ пешниҳод карда шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …