Главная / Ҷамъият / Мӯҳлати идома ёфтани иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ

Мӯҳлати идома ёфтани иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ

Моддаи 225-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳлати идома ёфтани иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ 

  1. Қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ иҷро карда намешавад, агар он дар мӯҳлати як сол аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо карданаш мавриди иҷро қарор нагирифта бошад.
  2. Идома ёфтани мӯҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда дар сурате қатъ мегардад, ки шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда аз иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ саркашӣ намояд. Ҳисоби мӯҳлат дар чунин ҳолат аз рӯзи ошкор шудани шахси зикргардида ё молу мулку даромади ӯ, ки мутобиқи қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ нисбат ба онҳо мумкин аст ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шавад, аз нав оғоз мегардад.
  3. Ҳангоми ба таъхир гузоштан ё боздоштани иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ мутобиқи Кодекси мазкур идома ёфтани мӯҳлати иҷро то гузаштани мӯҳлати ба таъхир гузоштан ё мӯҳлати боздоштани иҷро боздошта мешавад.
  4. Ҳангоми ба мӯҳлатҳо ҷудо кардани иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ, давомнокии мӯҳлати иҷро ба ин мӯҳлат дароз карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …