Главная / Ҷамъият / Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ

Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ

Моддаи 22-и Кодекси оила.  Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ дар сурати розӣ  набудани зан ё шавҳар барои  бекор кардани никоҳ 

  1. Зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №382).
  2. Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ надоданд, ақди никоҳ бекор карда мешавад.
  3. Агар суд даъвои бекор кардани ақди никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани ақди никоҳ такроран бо аризаи даъво муроҷиат намоянд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …