Главная / Ҷамъият / Манбаи андоз

Манбаи андоз

Моддаи 214-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

1.Манбаи андози андозсупорандагон-корфармоёни дар сархати якуми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида, ҳамчун маблағи музди меҳнат, подошпулӣ ва манфиатҳои дигаре муайян карда мешаванд, ки корфармоён барои давраи андоз ба шахсони воқеӣ мепардозанд.

  1. Манбаи андози андозсупорандагони дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида ҳамчун маблағи пардохтҳо, подошпулиҳо ва манфиатҳое муайян карда мешаванд, ки бе тарҳкунӣ ба шахсони воқеӣ дар давраи андоз ҷуброн карда мешаванд.
  2. Манбаи андози андозсупорандагон-шахсони воқеии дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида ҳамчун маблағи музди меҳнат, пардохтҳо, подошпулӣ ва манфиатҳои дигаре муайян карда мешаванд, ки онҳо бе тарҳкунӣ дар давраи андоз мегиранд.
  3. Ҳангоми муайянкунии манбаи андоз ҳамагуна пардохтҳо ва подошпулиҳо, аз ҷумла подошпулиҳои муаллифӣ, ки ҳамчун объекти андозбандӣ муайян шудаанд, аз ҷумла пардохти пурра ё ҷузъии молҳои (корҳо, хизматрасониҳо, ҳуқуқҳои молумулкӣ ё ҳуқуқҳои дигари) барои шахсони воқеӣ муқарраргардида, ба истиснои имтиёзҳои дар моддаи 215 Кодекси мазкур муайяншуда ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  4. Барои шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки ба намояндигиҳои дипломатӣ, консулии давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои худро ба сифати андозсупорандагон иҷро намекунанд, дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ва (ё) граждании ҳуқуқӣ кор иҷро мекунанд ва хизмат мерасонанд, манбаи андоз ҳамчун маблағи музди меҳнат, пардохтҳо ва дигар подошпулиҳое, кидар давраи андоз бе тарҳкунӣ мегиранд,муайян карда мешавад.Маълумот дар бораи даромади ин шахсони воқеӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи сипаришуда фаро мерасад ,аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

6.Манбаи андози соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла аъзои хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқии дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардидаҳамчун даромади умумӣ бе тарҳкунӣ муайян карда мешавад, ки чунин андозсупоранда дар давраи андоз дар шакли пулӣ ва (ё) аслӣ (натуралӣ) аз фаъолияти соҳибкорӣ гирифтааст.

  1. Ҳангоми ҳисобкунии манбаи андози пардохтҳо ва дигар подошпулиҳо дар шакли аслӣ (натуралӣ) дар шакли молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) арзиши чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дар рўзи супоридани онҳо (ҳисобкунӣ) дар асоси нархҳои (тарифҳои) бозории онҳо, ҳангоми танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) ба чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) бошад, дар асоси нархҳои чаканаи танзимшавандаи давлатӣ истифода мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …