Главная / Ҷамъият / Муқаррар намудани минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ

Муқаррар намудани минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ

Моддаи 21-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муқаррар намудани минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ

1.Минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои об дар шакли табиӣ мутобиқи лоиҳаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об ва дигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор муқаррар карда мешаванд. Лоиҳаҳои минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи обро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши вай мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об тасдиқ мекунад.

2.Минтақаҳои ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои об, ки дар салоҳияти ҳукуматҳои маҳаллӣ қарор доранд, дар шакли табиӣ ва бо ҳамон тартиб дар сатҳи дахлдор муқаррар карда мешаванд, аммо лоиҳаҳоро бошад мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ё бо супориши онҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об тасдиқ мекунанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …