Главная / Ҷамъият / Муқаррароти умумӣ оид ба пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва вазифаҳои он

Муқаррароти умумӣ оид ба пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва вазифаҳои он

Моддаи 19-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Муқаррароти умумӣ оид ба пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва вазифаҳои он

  1. Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва баррасии онҳо аз ҷониби судяҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколат доранд, мутобиқи Кодекси  мазкур  амалӣ карда мешаванд.
  2. Пешбурди  парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,  ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 87 Кодекси мазкур, бояд на дертар аз  даҳ шабонарӯзи оғоз кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ анҷом дода шавад.
  3. Вазифаҳои пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҳалли парванда тибқи қонунгузорӣ, андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир  намудани  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат менамоянд, дар  рӯҳияи  риояи  қонунҳо  тарбия намудани шаҳрвандон ва таҳкими қонуният иборат мебошанд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

barf

БАРФИ ОХИРИН (қисса)

Тирамоҳ омаду аз барги сабз нахуст зарра–зарра оби рўяшро дуздид, баъд ранги ҷаззобиашро зард гардонд. …