Главная / Ҷамъият / Ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи  172-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин вайронкунии принсипҳо ва дигар муқаррароти Кодекси мазкур ҳангоми пешбурди парванда эътироф карда мешавад, ки бо роҳи маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои ба шахсони дар парванда иштироккунанда кафолатдодаи қонун, риоя накардани расмияти пешбурди судӣ ё бо роҳи дигар ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои парванда халал расонида, барои баровардани қарори одилонаи судӣ таъсир расонидаанд ё метавонистанд таъсир расонанд.
  2. Қарор дар чунин ҳолатҳо бояд бекор карда шавад:

– вақте ки яктарафа ё нопурра будани тафтишоти судӣ натиҷаи саҳван аз баррасӣ истисно кардани далелҳои имконпазир ё беасос рад кардани пешниҳоди тараф дар таҳқиқи далелҳое бошад, ки барои парванда аҳамият дошта метавонистанд;

– таҳқиқ накардани далелҳое, ки бояд ҳатман таҳқиқ мешуданд (набудани хулосаи коршинос, ҳангоме ки он ҳатмӣ мебошад, иҷро накардани таъиноти суде, ки парвандаро аз муҳокимаи пешакӣ барои тафтишоти иловагии маъмурӣ фиристодааст ва ғайра).

  1. Қарор дар ҳар ҳолат бояд бекор карда шавад, агар:

– ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд қатъ нагардида бошад;

– парванда дар ғоибии шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда баррасӣ гардида бошад, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур;

– парванда бе иштироки ҳимоятгар баррасӣ шудааст, ҳангоме ки иштироки ӯ тибқи қонун ҳатмӣ мебошад ё бо тарзи дигар ҳуқуқи шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда барои доштани ҳимоятгар вайрон карда шуда бошад;

– дар суд ҳуқуқи  шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда дар бобати истифодаи забони модарӣ ё хизмати тарҷумон вайрон карда шуда бошад;

– ҳангоми баровардани қарор махфӣ будани машварати судӣ вайрон карда шуда бошад;

–  қарор аз тарафи судя имзо нашуда бошад;

– дар парванда протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ набошад.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …